Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти варзишгарони тоҷик аз Туркия бо ду медал


Алишер Аҳмадов

Алишер Аҳмадов

Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон (WAKO) дар шаҳри Анталияи Туркия ду медал ба даст оварданд, ба Душанбе баргаштанд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки аз 30-юми ноябр то 8-уми декабр дар шаҳри Анталияи Туркия таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) баргузор шуд, беш аз ҳазор варзишгар аз 62 кишвар ширкат доштанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 варзишгар шомил буд, ки миёни онҳо се нафарашон духтарон буданд. Варзишгарони тоҷик дар чор намуд: фулл-контакт, лайт-контакт, кик-лайт ва поинт-файтинг рақобат карданд.

Варзишгари ҷавони тоҷик Алишер Аҳмадов дар намуди лайт- контакт дар вазни то 57 кило бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, мақоми аввалро касб кард. Вай дар даври 1/8-ниҳоӣ бар Феллак Мустафо аз Алҷазоир бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Баъдан Алишер бар Сергей Карманови русиягӣ дастболо шуда, ба нимфинал баромад ва бар Фотеҳ Саҳин аз Туркия пеш аз мӯҳлат ғалаба кард. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Алишер бар рақибаш аз Маҷористон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва барои аввалин бор дар мусобиқаи бузургсолон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гашт.

Медали дувумро ба Тоҷикистон варзишгари маъруф Зӯҳро Холова овард. Вай дар сабқати занон дар намуди кик -лайт дар вазни то 50 кило барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Зӯҳро нахуст бар Шонхай Чин (Кореяи Ҷанубӣ), баъдан бар Марина Лювроу (Фаронса) ғолиб омад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Тикен Фунде (Туркия) шикаст хӯрд.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи миллии таэквон-до ITF ва кикбоксинги Тоҷикистон, баъди бозгашти ҳайати варзишии кишвар аз Туркия дар фурудгоҳи Душанбе ба хабарнигорон чунин гуфт:“Варзишгарони мо барои дувумин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон байни бузургсолон ширкат карданд. Мо ба ин мусобиқа омодагии хуб дида будем ва варзишгаронамон барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон байни бузургсолон ба натиҷаҳои баланд - як медали тилло ва як нуқра даст ёфтанд. Алишер Аҳмадов, ки порсол дар байни навҷавонон қаҳрамони ҷаҳон шуда буд, имсол 18-сола шуд ва барои аввалин бор дар мусобиқаи бузургсолон иштирок карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Варзишгари дигари мо Зӯҳро Холова дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ байни занон ҷойи дувумро гирифт, ки ин барои ӯ дар риштаи кикбоксинг дастоварди бузург аст.”

XS
SM
MD
LG