Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар маркази Киев боз сангарҳо пайдо шуданд


Тақрибан ду ҳазор нафар мухолифини ҳукумати Украина рӯзи панҷшанбе, 12 декабр, дар канори бинои Додситонии Кулл дар шаҳри Киев ҷамъ омада талаб доранд, ки эътирозгарони рӯзҳои ахир боздоштшуда раҳо карда шаванд. Кормандони милиса аз вуруди эътирозгарон ба Додситонии кулл ҷилавгирӣ мекунанд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар майдони Истиқлоли пойтахти Украина, ки ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Аврупо он ҷо хайма задаанд, идома дорад. Ба иттилои хабарнигори Озодӣ, шаби гузашта ҳазорон нафар ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи нерӯҳои зудамал дар майдон боқӣ монданд. Дар маркази Киев боз сангарҳо пайдо шуданд.

Қарор аст, ки ҳайати ҳукуматии Украина таҳти раёсати нахуствазир Николай Азаров вориди Брюсел шавад ва бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди сарнавишти созишномаи ҳамгироӣ бо ин ниҳод музокирот анҷом диҳад. Раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон рӯзи панҷшанбе изҳор намуд, ки раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ба ӯ дар бораи омодагияш барои имзои созиши калидии тиҷоративу ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо хабар дод.

Аз ин пеш Янукович мухолифинро барои музокирот даъват карда буд.

ИМА ҳушдор дод, ки агар мақомоти Украина барои фишор ба эътирозгарон аз нерӯ кор бигиранд, алайҳи Киев таҳримҳо ҷорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG