Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ба CASA-1000 $15 миллион маблағгузорӣ кардааст


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тарҳи CASA-1000 15 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. Тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000), ки тариқи Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мегузарад, яке аз тарҳҳои бузурги минтақа барои фурӯши барқ аст.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми декабр бо пахши як иттиллоия гуфтааст "мо боварӣ дорем, ки CASA-1000 метавонад як тарҳи билқувва табдилдиҳанда бошад, ки барои сохтани як шабакаи энергетикии минтақавие, ки якумин бор Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро мепайвандад, кӯмак расонад. Мо умедворем, ки дастгирии молиявии ИМА ба CASA-1000 дар ҷалби дастгирии донорҳои дигар кӯмак мерасонад ва Бонки Ҷаҳониро барои соли оянда пешниҳод кардани тарҳ ва аз тарафи Шӯрои мудирон қабули ниҳоӣ кардани он, ташвиқ мекунад."

Дар назар аст баъд аз итмоми тарҳ, CASA-1000 ба Тоҷикистон ва Қиргизистон имконият диҳад, ки аз фурӯши иқтидори тобистонаи барқи изофӣ ба Афғонистон ва Покистон, даромад гиранд. Афғонистон аз ин лоиҳа ҳамчун истифодабарандаи барқ 300 мегават қувваи барқ мегирад ва барқро ба Покистон интиқол мекунад. Покистон бошад, ба шабакаи миллии худ 1000 мегават барқи иловагӣ дар моҳҳои тобистон илова мекунад, вақте ки дар қулаи талаби баландтарин мебошад ва дастрасӣ ба нерӯи боъэтимод, тоза ва арзонро дорад.

CASA-1000, тарҳест ки пурра ба захираҳои нерӯи обии вуҷуддошта такя менамояд ва ба созишномаҳо оид ба тақсими об байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ягон монеъа эҷод намекунад. Ҳамчунин, ин тарҳ заҳматҳои кунунии Бонки Рушди Осиё ва дигаронро барои дастгирии шабакаи нерӯи барқӣ такмил медиҳад

Дар идомаи иттилоияи сафорат омадааст «Дастгирии ИМА аз CASA-1000 ин нишондоди пайравии дарозмӯҳлати мо ба сулҳ, осоишӣ ва ободонии Афғонистон ва ҳамсояҳои он мебошад.»
XS
SM
MD
LG