Пайвандҳои дастрасӣ

Занони "фейсбукӣ" ба мулоқоти Р.Зоиров наомаданд


Қарор буд, соати 10:00-и имрӯз мулоқоти Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби состиал - демократи Тоҷикистон бо гуруҳи занони "ҳамлавар ба дафтари ин ҳизб" сурат бигирад, аммо ин занон ба сӯҳбат наомаданд.

Раҳматулло Зойиров, пас аз ним соати интизорӣ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "бо таваҷҷуҳ ба он, ки ин гурӯҳ аз занон даъвати маро напазируфтанд ва ба мулоқот наомаданд, гурӯҳи муташаккил будани онҳоро собит кард ва ҳамчунин маълум шуд, ки ҳадафи онҳо халалдор кардани нишасти раҳбари ҳизби сотсила-демократи Тоҷикистон будааст."

Ҷаноби Зойиров афзуд, ки ҳарчанд аз ҷониби кӣ ташкил шудани ҳамлаи ин гурӯҳ занон ба нишасти хабарии раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон маълум нест, аммо миёни онҳо мардоне буданд, ки дақиқ шуд, кормандони Раёсати ҷиноятҳои муташаккил ва аз пулиси шаҳри Душанбе буданд. Аммо вай гуфт, ки "даъвои бархе аз ин занон, ки ҳамсояи ман будаанд, рад шуд, чун ҳамсояҳо гуфтанд, ки аслан чунин зан дар ҳамсоягии мо зиндагӣ намекунад."

Бо таваҷҷуҳ ба чунин вазъ, Раҳматулло Зойиров гуфт, номае унвонии Додситонии кулли Тоҷикистон омодааст ва худи ҳамин рӯз ба ин ниҳод расонида мешавад ва ҳамчунин изҳороти раёсати Ҳизби сотсиал-демократ низ пахш хоҳад шуд.

Раҳматулло Зоиров рӯзи панҷшанбе аз тариқи сафҳаи худ дар шабакаи Фейсбук занони, ба қавли худаш «исёнгар»-еро, ки нишасти матбуотии ӯро барҳам заданд, барои як мулоқот даъват карда буд. Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ рӯзи 12-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳадафи ӯ аз даъвати занон ба қароргоҳи ҳизб, маълум кардан аст, ки оё ин занон воқеан аз тариқи Фейсбук аз нишасти хабарии рӯзи сешанбе огоҳ шудаанд ё на.

Ҷаноби Зоиров афзуд, вақте ки ӯ нишасти хабарӣ медод, ин 14 зан ва марде, ки ба офиси онҳо зада даромада, ҷараёни нишасти хабариро халадор кардаанд, гуфтанд, ки онҳо хабари баргузории пресс-конференсияро аз тариқи шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» фаҳмида, ба инҷо омадаанд. Вай афзуд, ки то соати 10:00 рӯзи ҷумъа мунтазири ин занон хоҳад буд ва ба дунболи он, аризаи шикоятии худро ба додгоҳи ноҳияи Сино таслим намуда, изҳороти ҳизб дар робита ба ин ҳодисаро нашр хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки заноне, ки субҳи 10-уми декабр нишасти матбуотии Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистонро халалдор карданд, мегӯянд, ба ягон ҳизб ё созмон рабт надоранд ва аз ҳеҷ куҷо дастур нагирифтаанд. Ин гурӯҳи тақрибан 20-нафараи занон, ки ногаҳон бо нидоҳои "мо дигар ҷанг намехоҳем, чун дар ҷанг шавҳару фарзандони худро аз даст додаем!" вориди толор шуд, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоировро ба бадгӯйиҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон айбдор карданд.

Тафсилоти ҳодиса ва назари коршиносон ба он.

Ба гуфтаи аксари хабарнигорон, ки дар нишасти матбуотӣ ширкат доштанд, бархе аз занон қаблан дар тазоҳуроти назди сафорати Амрико дар Душанбе дида шудаанд. Ҳамакнун ин занҳо бо ворид кардани халал ба нишасти матбуотии раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон даъво доранд, ки «Раҳматулло Зоиров дар Украина буда ва алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон гапҳои носазо гуфтааст.» Ин занҳо гуфтанд, аз он нигаронанд, ки Раҳматулло Зоиров аз сиёсати президент Раҳмон норизо аст ва аз ӯ дар хориҷ аз кишвар бадгӯӣ кардааст. Бархе аз занон ба ширкатдорони нишаст, яъне хабарнигорон низ дарафтоданд ва бо садои баланд гуфтанд, ки "шумо сафсаттаҳои Раҳматулло Зоировро гӯш накунед."

Ин гурӯҳи занҳо ба кадоме аз ҷониб тааллуқ доштанашонро мушахассан баён накардаанд, аммо гуфтаанд, ки аз тариқи интернет аз нишасти хабарии Зоиров огоҳ шудаанд ва довталабона ба инҷо омадаанд, то аз "сиёсати хирадмандона"-и президент Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ кунанд. Ҳамзамон, онҳо худро мутаалиқи кадом як ҳизбу ҳаракат намедонанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд аз ҷониби кадом як ниҳоди давлатӣ ҳам дастур нагирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG