Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Узбакистон қонуни афвро пазируфт


Палатаи болоии парлумони Узбакистон қонуни афвро пазируфт. Светлана Ортиқова, раиси комиссиюни қонун ва масоили додгоҳии парлумон, афвро як далели идома ёфтани ислоҳоти додгоҳӣ дар кишвар номид. Ба гуфтаи ӯ, бар пояи қонун занон, ҷавонони синнашон аз 18-сола поён,афроди аз 60-сола бузургтар ва шаҳрвандони хориҷӣ маҳбасро тарк мекунанд.

Маҳбусони барои ширкат дар гурӯҳҳои мамнӯъ зиндонишуда фақат дар сурати рафтори хубашон ба феҳристи авфшудагон шомил мешаванд. Афроде, ки барои ҷиноятҳои сангин ё ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, афв нахоҳад шуд.

Акнун зери қонуни авф бояд раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов имзо гузорад.

Соли гузашта ба шарафи 20-умин солгарди Қонуни асосии Узбакистон 68809 нафар зиндонро тарк карда буданд.
XS
SM
MD
LG