Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19 миллиард доллари муҳоҷирон тағйири кам овардааст


Сокинони Тоҷикистон дар даҳ соли охир 19 миллиард доллареро, ки муҳоҷирон аз Русия ба ватан фиристодаанд, хӯрдаанд.

Бино бар натиҷагириҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳоҷирони тоҷик дар дар даҳ соли охир аз Русия ба ватан зиёда аз 19 миллиард доллар фиристодаанд ва аммо ин сармояи азим ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири назаррасе нагузоштааст. Ин хулосаро аъзои гуруҳи “Экономические новости Таджикистана”, ки асосан иқтисодшиносонанд, таҳия ва нашр кардаанд.

Бо ишора ба ин омор, радиои “Голос России” мегӯяд, 19 миллиард доллар барои кишвари хурде, ки ҳамагӣ 8 миллион аҳолӣ дорад, маблағи хеле бузург аст, вале, зоҳиран он асосан барои хӯрду хӯрок ва рафъи ниёзҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ сарф шудааст. Иқтисодшиноси тоҷик Фирӯз Саидов гуфтааст, танҳо 10 дарсади муҳоҷирон сармояи худро дар бонкҳо нигаҳдорӣ мекунанд ва пули фиристодаи бақияи муҳоҷирон аз тарафи оилаи онҳо харҷ мегардад. Бахши ночизи ин маблағҳо барои ташкили манбаъҳои нави даромад ба кор рафтааст.

Иқтисодшиноси дигар, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон Георгий Кошлаков гуфтааст, пули фиристодаи муҳоҷирон иқтисодиёти Тоҷикистонро аз фурӯпошии комил нигоҳ дошт ва бе ин сармоя зиндагӣ дар ин ҷо пеш рафта наметавонист.

Фарида Мӯъминова, муовини раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон тобистони имсол гуфта буд, ки маблағи мефиристодаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2013 наздик ба 3 миллиарду 600 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Ин тақрибан ба 45 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистон баробар хоҳад буд.

Ба ақидаи яке аз масъулони маркази назарсанҷии “Шарқ” дар Душанбе, агар ин пул ба кишвар ворид намешуд, сатҳи фақр дар Тоҷикистон 3 баробар боло мерафт. Саодат Олимова меафзояд, пули муҳоҷирон асосан барои хӯрду хӯрок, либос, пардохти ҳаққи таҳсили фарзандон, таъмири хона, хариди воситаҳои нақлиётӣ, пардохти хадамоти беҳдоштӣ ва коммуналиву манзилӣ ва ҳатто додани ришва сарф мешавад. Наздик ба чаҳор дарсади ин маблағ хайр карда мешавад, аз ҷумла ба масҷидҳо, хешу наздикон ё афроди маъюб ва мӯҳтоҷ.

Ҷанбаи нек ин аст, ки солҳои охир сармоягузории муҳоҷирон ба таҳсили фарзандонашон афзоиш ёфтааст. Хонуми Олимова мегӯяд, бино ба назарсанҷие, ки маркази онҳо дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2012 анҷом дод, харҷи муҳоҷирон дар ин бахш аз ба 18 дарсади даромади умумии онҳо расидааст. Ин дар ҳоле ки адади мазкур дар соли 2011 ҳамагӣ 4 дарсадро ташкил медод. Вале бо вуҷуди афзоиши сармоягузории хонаводаҳо ба таҳсили фарзандонашон сатҳи дониш ва сифати таълим дар солҳои охир боло нарафта, баръакс паст шудааст, ки чунин сармоягузориро тақрибан бетаъсир сохтааст.

Натиҷаи умумӣ ин буда метавонад, ки пули муҳоҷирон танҳо барои дар як ҳолати нисбатан мӯътадил ва бетағйир нигоҳ доштани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маорифу фарҳанги Тоҷикистон хидмат карда, вуруди 19 миллиард доллар ба кишвар дар даҳ соли охир пешрафтеро ба миён наовардааст. Дар иваз муҳоҷирати густарда, ба ақидаи ҷомеашиносон, зарари зиёде дорад. Ҳар сол дар Русия ба ҳисоби миёна наздик ба 1000 шаҳрванди тоҷик кушта мешаванд, кӯдакон дар оилаҳои нопурра ба воя мерасанд, талоқ рӯ ба афзоиш дорад ва Маскав аз ҳузури муҳоҷирони тоҷик бо мақсадҳои сиёсии худ истифода мекунад. Ҳамчунин аз ҳаёти кишвари худ дур мондани бахши фaъоли ҷомеа ҳам ба ҷомеа ва ҳам ба ин баxши аҳолӣ таъсири амиқ мегузорад.

Аммо иқтисодшиносони гуруҳи “Экономические новости Таджикистана” бештар хостори ин шудаанд, ки сармояи фиристодаи муҳоҷирон ба рушди бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон равона гардад. Аммо худи онҳо иқрор мекунанд, ки фазои чунин фаъолиятҳо ва фасоду ришвахории фарогир яке аз монеаҳои асосии ин иқдом буда метавонад.
XS
SM
MD
LG