Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо хостори раҳоии хабарнигорони гаравгон шуданд


Сенздаҳ расонаи бузурги байнулмилалӣ аз мухолифини мусаллаҳи Сурия даъват карданд, ки аз рабудани хабарнигорон даст бардоранд.

Дар номае унвонии Артиши озодихоҳи Сурия, ки аз сӯи кишварҳои ғарбӣ дар муборизааш алайҳи режими Башор Асад пуштибонӣ мешавад, омадааст, айни ҳол 30 тан аз хабарнигорони рабудашуда гаравгон боқӣ мемонанд. Муаллифони нома аз раҳбарони мухолифини мусаллаҳ хостанд, ки барои раҳоии ин хабарнигорон талош кунанд. Рабудани хабарнигорон, аз нигоҳи онҳо, дар инъикоси низои Сурияро душвор мекунад ва мардуми олам дар огаҳӣ ба авзоъ дар ин кишвар ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд.

Зери нома, аз ҷумла, раҳбарони нашрияҳои The New York Times, Washington Post, The Guardian, хабаргузории The Associated Press, шабакаи ВВС имзо гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG