Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе. Муҷозоти 2 шаҳрванди Камерун барои "қаллобӣ"


Додгоҳе дар шаҳри Душанбе ду шаҳрванди Камерунро бо гуноҳи қаллобӣ ва ё аз роҳи фиреб тассаруф кардани молу мулки ғайр ҷарима бастааст.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ баъди муҳокимаи Диегу Эрик Силвиен ва Нангну Нгону Кристиан Симплис амр додааст, ки барои чунин ҷиноят 58 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима пардозанд.

Дар ҳукми додгоҳ, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст, гуфта мешавад, шаҳрвандони Камерун ба баъзе аз сокинони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки дар ивази пули кам барои онҳо долларҳои қалбакӣ таҳия мекунанд, ки ҳеҷ дастгоҳе тақаллубӣ будани онро ташхис намекунад.

Аммо аз ин кори онҳо, кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон огаҳ шуда ва худро аз харидорони долларҳои тақаллубӣ муаррифӣ кардаанд. Ба гуфтаи додгоҳ, шаҳрвадони Камерун бехабар аз он ҳувияти маъмурони амниятӣ ба онҳо пешниҳод кардаанд, дар ивази 50 то 100 ҳазор доллари аслӣ метавонанд, ду баробар долларҳои тақаллубӣ омода карда ба онҳо бидиҳанд.

Баъди ризоияти кормандони Раёсати амнияти миллии Тоҷикистон ва ваъдаи 50 ҳазор доллар, шаҳрвандони Камерун бо як усули бисёр содда ва омехта кардани “рангу пудра ва мурч” гӯё долларҳои тақаллубӣ сохтаанд, вале айни ин корашон дар хонае дар хиёбони Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе дастгир шудаанд.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ баъди собит кардани гуноҳҳи шаҳрвандони Камерун амр додааст, ки аз онҳо барои қаллобӣ ва аз роҳи фиреб аз худ кардани молу мулки ғайр бештар аз 10 ҳазор долларӣ ҷарима ситонида шавад. Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аввали моҳи октябр хабар дод, ки ин ду нафарро, бо иттиҳоми таҳияи долларҳои тақаллубӣ дастгир кардааст.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки шаҳрвандони Камерун моҳи майи соли 2013 ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ омада ва вазъи иқтисодии шаҳрвандону шароити тиҷоратро омӯхта ва сипас баргаштаанд. Ва моҳи август, дигарбора бо ҳадафи қаллобӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд. Маълум нест шаҳрвандони Камерун ҳоло дар куҷо ҳастанд ва ё ҷаримаро пардохт кардаанд, ё не.
XS
SM
MD
LG