Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Италия маросими ифтитоҳи ботантанаи Универсиадаи XXVI ҷаҳонии зимистона баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки рӯзи 12-уми декабр дар майдони марказии шаҳри Трентино барпо гардид, раисиҷумҳури Италия Ҷорҷо Наполитано суханронӣ кард.
Ба барномаи Универсиадаи ҷаҳонии зимистонаи донишҷӯён 12 навъи варзиш, ба монанди лижаронӣ, биатлон, фристайл, сноуборд, конкитозӣ, рақси рӯи ях, хоккей ва ғайра дохиланд.

Дар мусобиқот беш аз дуним ҳазор варзишгарони донишҷӯ аз 50 кишвари ҷаҳон барои 78 маҷмӯи медалҳо то рӯзи 21-уми декабр рақобат мекунанд. Вале дар Универсиадаи зимистона варзишгарони Тоҷикистон ширкат надоранд.

Дарвоқеъ, моҳи июли соли равон дар шаҳри Қазони Русия
Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона 12 рӯз идома кард ва дар он 11800 варзишгар аз 160 кишвар ширкат доштанд. Варзишгарони 70 кишвар оид ба 27 намуд барандагони медалҳо шуда, намояндагони 42 кишвар ба унвони қаҳрамони Универсиадаи Қазон-2013 даст ёфтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 292 медал (155 тилло, 75 нуқра ва 62 биринҷӣ), ки натиҷаи рекордист, ҷойи аввалро азони худ кард. Чин (26+29+22) дар ҷойи дувум ва Ҷопон (24+28+32) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар Универсиадаи ҷаҳонӣ бо ҳайати бузург, минҷумла 45 варзишгар, дар 9 риштаи варзиш ширкат кард ва соҳиби 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 5 медали мунтахаби Тоҷикистон 4-тоашро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар мусобиқоти гуштии камарбандӣ (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва самбо (1 нуқра) соҳиб шуданд.

Абдуазим Бойназаров дар гуштии камарбандӣ дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг байни мардон гуштигири дигари тоҷик Маҳмад Миров бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Комроншоҳи Устопириён дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг бо медали нуқра сарфароз гашт. Медали 5-уми Тоҷикистонро Нусратшоҳ Имомов, донишҷӯи Донишкададаи тарбияи ҷисмонӣ, дар рақобатҳо оид ба самбо дар вазни то 74 кг ба даст овард.

Вале дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ ноком шуда, аз медалҳои Универсиада бенасиб монданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG