Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Базми солҳои 60-70 асри 20» дар Душанбе


Шаҳрдории Душанбе аз баргузории маҳфили фарҳангиву фароғатии "Базми солҳои 60 - 70 - уми қарни гузашта" хабар дод.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе рӯзи панҷшанбеи 12-уми декабр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин иқдом бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва дар пайи муроҷиати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТРК-Ватан» сурат мегирад.

Ба иттилои ин манбаъ, маҳфили фарҳангиву фароғатии базми солҳои 70 қарни гузашта фардо, ҷумъаи 13-уми декабр аз соати 19.30 то 22.00 дар тарабхонаи "Меҳмонсарои пойтахт" баргузор мешавад.

Ин аст, ки шаҳрдории Душанбе барои баргузории ин маҳфил ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТРК-Ватан» иҷозат дода ва раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону иштирокчиёнро дар мавзеи баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин бар асоси қарори шаҳрдории Душанбе муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» пахши ролики тарғиботиро вобаста ба чорабинии мазкур тавассути мониторҳои дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр насбгардида тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд

Интизор меравад, дар чорчуби ин маҳфил рақсу сурудҳои солҳои 60 ва 70 -и даврони шуравӣ иҷро гарданд.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД.
XS
SM
MD
LG