Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди ҳифзи ҳуқуқ 7 сол равонаи зиндон шуд


Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа собиқ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ёвонро ба 7 соли зиндон маҳкум ба зиндон кард.

Бахтиёр Искандаров, додраси додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа рӯзи 11-уми декабр Ашраф Алиев, собиқ корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон, 53 километрии пойтахт, ки бо моддаҳои 143 (шиканҷа) ва 315 қисми 1 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ) айбдор дониста мешуд 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳ ҳамчунин ШКД-и ноҳияи Ёвон ва Ашраф Алиевро барои расонидани зарари маънавӣ 1619 сомонӣ ҷарима кардааст.

Ашраф Алиев дар шиканҷаи ноболиғе дар ноҳияи Ёвон гунаҳкор дониста мешавад, ки 29-уми апрели соли 2012 ноболиғро ҳагоми даст ба худкушӣ задан дар манзили зисташон дарёфт мекунанд.

Ба гуфтаи наздикони ноболиғ чанд рӯз қабл аз ин ҳодиса нозири минтақавӣ Ашраф Алиев вайро бо гумони дуздӣ ба ҳуҷраи корияш даъват карда дашном ва латукуб мекунад. Дар натиҷа ноболиғ даст ба худкушӣ мезанад, ки аз тарафи наздиконаш боз дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG