Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати қочоқчии маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон


Мақомоти тоҷик зимни амалиёте интиқоли зиёди маводи мухаддираро дар марзи бо Афғонистон пешгирӣ кардаанд. Дар бораи ин ҳодиса шаби 11-уми декабр тариқи телевизионҳои давлатӣ дар барномаи кӯтоҳе аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гуфта шуд, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ, 200 километрии ҷанубу шарқии пойтахт рух додааст ва узви гурӯҳи ҷиноӣ шаҳрванди 40-солаи Афғонистон Ҳоҷидовуд валади Ҷумахон, сокини вилояти Тахор дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ ҳангоми дастгир кардан, вай ҷониби марзбонони тоҷик оташ кушода аз ҷои ҳодиса ғайб заданӣ мешавад. Аммо дар тирпаронии ҷавобӣ номбурда ба ҳалокат мерасад. Як нафари дигар, ки ҳамроҳи Ҳоҷидовуд валади Ҷумахон будааст аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Тибқи ин хабар ҳангоми кофтукоб аз ҷойи ҳодиса ду норинҷаки Ф-1 бо 15 килло маводи мухаддира дарёфт мекунанд.

Дар ин барнома гуфта шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноиро корманди марзбонии Афғонистон Ҷалмад Маҳмуд бо тахаллуси «Абдураҳмон» роҳбарӣ мекардааст.
XS
SM
MD
LG