Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти намояндаи Тоҷикистону Покистон дар нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ


Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр бо ҳамтои покистонии худ дар масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқот кардааст. Тавре аз вазорати корҳои хорҷӣ хабар доданд, Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Мурод Алӣ муовини вазири корҳои хориҷии Покистон дар рафти нишасти 40-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар кишвари Гвинея мулоқот кардаанд. Манбаъ афзуд дар рафти мулокот ҷонибҳо оид ба таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, сохтмони корхонаи муштараки тавлиди семент ва ғайра мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин дар мулоқот ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва кумитаҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
XS
SM
MD
LG