Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуланд: Бо Янукович гуфтугӯи ҷиддӣ, вале воқеъбинона доштам


Виктория Нуланд
Виктория Нуланд
Виктория Нуланд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе ба Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки рафтори пулис бар зидди эътирозгарон дар ҷомеаи демократӣ комилан ғайриқобили қабул аст. Хонум Нуланд ба рӯзноманигорон дар Киев гуфт, ки вай бо Виктор Янукович бештар аз ду соат гуфтугӯи ҷиддӣ, вале воқеъбинона доштааст. Нуланд афзуд, то ҳол Вашингтон бовар дорад, ки имкони ҳамгароии Украина бо Аврупо вуҷуд дорад.

Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо бо се раиси ҷумҳури пешини Украина мулоқот кард ва қарор аст бо Виктор Янукович-раиси ҷумҳури кунунӣ низ дидор ва гуфтугӯ дошта бошад.

Аз сӯи дигар гузориш мерасад, ки ҳазорон нафар эътирозгарон бори дигар ба майдони Истиқлоли Киев ворид шудаанд ва ҳоло майдонро пур мекунанд. Онҳо дубора хайма мезананд ва саддҳо мегузоранд.
XS
SM
MD
LG