Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як сокини Рӯшон дар амалиёти марзбонон


Субҳи имрӯз ҳангоми муомилаи гурӯҳҳои қочоқбари афғону тоҷик дар соҳили рости дарёи Панҷ дар назди деҳаи марзии Патхуфи ноҳияи Рӯшон, қисми навбатдори марзбонони Раёсати сарҳадбонии Тоҷикистон огоҳ шуда, онҳоро ба таслим шудан водор мекунад, аммо яке аз онҳо сарпечӣ карда ва дар натиҷа кушта шудааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр ба радиои "Озодӣ" бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки гурӯҳҳои қочоқбар ҳангоми табодули машрубот ва маводи мухаддир дар соҳили дарёи Панҷ дар наздикии деҳаи марзии Патхуфи Рушон аз ҷониби қисми навбатдории марзбонон мушоҳида шуда ва сарҳадбоноро барои ҷилавгирӣ ва боздошти онҳо, иқдом мекунанд.

Марзбонони ба ҳаво тир кушода аз онҳо талаб мекеунанд, ки таслим шаванд, аммо ду нафари онҳо ба замин хобида, як нафари онҳо мехост фирор кунад, вале аз тарафи марзбонҳо кушта шуд. Ин нафари кушташуда узви гурӯҳи қочоқбар, сокини деҳаи Патхуф Шерғозиев Кошиф буда 42-сола мебошад ва аз ҷайби ӯ ду бандчаи монанд ба ҳероин ба миқдори 42 грамм пайдо шудааст.

Қочоқбарони афғон пас аз огоҳ шудани хатар пас гашта, дарунтари қаламрави Афғонистон фирор мекунанд, вале дар маҳалли доду гирифт 9 дона шишаи арақ ва 9 дона баклашка ёфт шудааст, ки онҳо қасд доштаанд, ки шишаҳои арақро ба баклашкаҳо рехта, ба он сӯи дарё интиқол диҳанд. Ҳамчунин аз афроди боздоштшуда миқдори зиёди банду ришта ёфт шудааст. Хушнуд Раҳматулоев меафзояд, ки феълан дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG