Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди сардии ҳаво ва боришоти пай дар пай, зарардидагони зилзила дар шаҳри Ваҳдат соҳиби манзили нав нашудаанд.

Сарабек Холов, раиси Ситоди кӯмак ба зарардидагони зилзила дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 11-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки бо кӯмаки мақомоти вилояту навоҳии кишвар дар маҳаллаи Меҳнатоботи ҷамоати Карим Исмоил 7 хонаи нав омода шуда, дар рӯзҳои наздик бурёкӯбон хоҳад шуд: «Ҳоло 3 манзили дигар тақрибан бомпӯш шуда ба мардуми осебдида дода мешавад, вале то ҳол ҳеҷ нафаре аз 103 хонаводаи зарардида, соҳиби манзили нав нашудааст».

Дар робита ба ин суол, ки бо фарорасии сармо мардуми осебдида дар чӣ шароит ба сар мебаранд, Сарабек Холов гуфт, ки онҳо дар ҷойҳои амн, дар манзили наздиконашон ба сар мебаранд. Ба иттилои ин ситод, шумое аз манзилҳо аз тарафи ҳукумати вилояти Суғд ва вилояти Хатлон сохта мешавад ва маҷмуан тибқи хулосаи комиссияи ҳукуматӣ, 103 манзили нав барои осебдидагон бунёд хоҳад шуд.

Зимнан шӯъбаи "Амонатбонк" дар шаҳри Ваҳдат барои зарадидагони зилзила таҳти унвони «Дасти сахо» суратҳисоб боз кардааст, ки то кунун ҳудуди 36 ҳазор сомонӣ ба он ворид шудааст. Тоҷиддин Лолаев, раиси шӯъбаи Кумитаи дини ин ноҳия мегӯяд, ки барои ҳарчӣ бештар кӯмак расонидан ба зарадидагон, имомахитбҳо низ ҷалб карда шудаанд, ки мардумро барои дароз кардани дасти сахо, ташвиқ кунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар 11 деҳаи ҷамоатҳои Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, Бозорбой Бӯронов ва Чорсӯи шаҳри Ваҳдат 104 хона пурра ва 259 хонаи дигар қисман валангор шудаанд.

Заминларзаи шадиди рӯзи 10-уми ноябр соати 10:16 дақиқа ба вақти Душанбе Тоҷикистонро такон дод. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфтанд, ки маркази зилзила дар минтақаи Султонобод, 20-километрии ҷанубу шарқи пойтахт воқеъ буда, шиддати зилзила дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, то ба 5 балл расида, дар шаҳри Душанбе 4 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Аммо сокинони ин минтақа то 20 рӯз баъд аз ин ҳодиса зилзилаи пастро мушоҳида кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG