Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи ҷиноии мошиндуздро дар Порис ошкор карданд


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, кормандони бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи пулиси Фаронса дар қисмати ҷанубу ғарби Порис аъзои як гурӯҳи байналмиллалии ҷинояткоронро боздошт кардаанд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе намояндаи пулис ба матбуот хабар дод.

Аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ бо рабудан ва фурӯши мошинҳои гаронбаҳо дар Беларусия ва Литва машғул будаанд. Ду нафари онҳоро, ки шаҳрвандони Беларусия ва Узбекистонанд, додгоҳ барои ташкили гурӯҳи ҷиноии созмонёфта ва дуздӣ муттаҳам эълон кардааст.

Бино ба маълумоти муфаттишон, аъзои ин гурӯҳ ҳоло дар қаламрави Беларусия қарор доранд.
XS
SM
MD
LG