Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Виктория Нуланд дар майдони Истиқлоли Киев


Виктория Нуланд дар майдони Истиқлол

Виктория Нуланд дар майдони Истиқлол

Виктория Нуланд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе як ҷо бо эътирозгарони ҷонибдори Аврупо дар майдони Истиқлоли Киев зоҳир шуд. Вай машғули боздид аз Киев аст, то дар ҳали бӯҳрони пешомадаи сиёсӣ кӯмак кунад. Вай ба эътирозгарону пулис шириниҳову хӯрданиҳо тақсим кард. Бисёрии онҳо аз майдон берун рафтаанд.

Дар ҷои дигар пулис аз нақшаи худ барои дубора зери контрол даровардани бинои шаҳрдории Киев даст кашидааст. Пештар гузориш расида буд, ки дар дохили бинои шаҳрдорӣ 200 нафар эътирозгарон ҷой гирифтаанд ва миёни эътирозгарону пулиси зидди тазоҳурот задухурд рух додааст. Барои аз худ дур нигоҳи доштани пулис эътирозгарон ба пулис аз шланг об мепошанд.
XS
SM
MD
LG