Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ мухолифи таҳримҳои нави зидди Эрон аст


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз намояндагони Конгресс хост, ки бар зидди Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ накунанд, зеро ин кишвар дар зарфи шаш моҳ бояд тавофуқоти муқаддамотии шаш қудрати ҷаҳониро барои даст кашидан аз баъзе барномаҳои ҳастаиаш комилан иҷро кунад.

Ҷон Керрӣ рӯзи сешанбе дар Кумитаи умури хориҷаи Маҷлиси Намояндагон гуфт, “мо аз шумо мехоҳем, ки ба музокиракунандагони мо ва ба коршиносони мо вақт ва имкон диҳед, ки кори худро ба анҷом расонанд”. Вай афзуд, агар иҷрои тавофуқоти моҳи гузаштаи Женев ба мушкил рӯ ба рӯ шавад, давлати Амрико аз Конгресс хоҳад хост, ки бар зидди Эрон таҳримҳои бештар ҷорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG