Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ойниҳол Бобоназарова «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол» дониста шуд


Ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол»-ро Созмони «Шӯрои ҳуқуқи башар ва қонунгузорӣ» дар соли равон рӯзи 10-уми декабр ба ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, роҳбари ташкилоти «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназарова дод.

Ҷоизаи дигар «Барои саҳми вижа дар пешбарии ҳуқуқи башар» ба Асотсиатсияи ҳуқуқшиносони Бадахшон ва «Мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика» ба рӯзноманигор Анора Саркорова дода шуд.

Ҳамчунин ҷоизаи хоси дигар ба ҳуқуқшинос Гучеҳра Холматова дода шуд, ки давоми сол ин ҳуқуқшинос дар ду қазияи додгоҳӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ дастболо шуд. Яъне дар қазияи шиканҷа нисбати Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев тавонист ба манфиати даъвогар анҷом диҳад.

Шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола созмони ҷамъиятии «Шӯрои ҳуқуқи башар ва қонунгузорӣ» ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқ»-ро ба беҳтарин ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон тақдим мекунад.
XS
SM
MD
LG