Пайвандҳои дастрасӣ

Лутфулло Саидмуродов, раиси Кумитаи илму маорифи порлумон


Лутфулло Саидмуродов, раиси Кумитаи илм ва маорифи Маҷлиси Намояндагон, палати поёнии порлумони Тоҷикистон интихоб гардид.

Номзадии ҷаноби Саидмуродов, рӯзи чоршанбеи 11-уми декабр зимни баргузории иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон, палати поёнии порлумони Тоҷикистон аз сӯи Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон пешниҳод ва бо аксарияти орои вакилон интихоб гардид.

Вай дар ин мақом Марҳабо Ҷабборова, раиси пешини Кумитаи илм ва маорифи палатаи поёнии порлумонро иваз кард.

Хонум Ҷабборова, ахиран бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми муовини нахуствазири Тоҷикистон таъин гардид.

Зимнан, Лутфулло Саидмуродов, доктори илм ва профессор мебошад.


.
XS
SM
MD
LG