Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се узви гурӯҳи «Абрешимчӣ» равонаи зиндон шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти тоҷик се узви як гурӯҳро, ки дар қаламрави Суғд бо истифода аз номи ислом ба содир кардан ҷиноят машғул буд, равонаи зиндон карданд.

Дар ин бора бо пахши як навори кӯтоҳ дар шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ хабар дода шуд, ки ҳоло 3 аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ дастгир ва равонаи зиндон шуданд.

Бар пояи ин гузориш, рӯзи 14-уми июни соли равон аз ҷониби кормандони амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдумаҷид Халилов, Набиҷон Собиров ва Зоҳирҷон Бобоев, сокинони вилояти Суғд дастгир карда шуданд, ки «гуноҳи онҳо бо пуррагӣ тасдиқ карда шудааст». Мақомоти амниятии вилояти Суғд нисбати ин се нафар бо моддаи 250 қисми 2 бандҳои «б», ва «в»-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "тамаъҷӯи бо истифодаи зӯр ва бо машварати пешакӣ бо нафарони дигар" парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буданд.

Гуфта мешавад, гурӯҳ таҳти унвони «Абрешимчӣ» ё «Шолккомбинат» дар як қатор ҷиноятҳо айбдор шудаанд: «Зоҳирҷон Бобоев ҳамроҳи ҳаммаслаконаш худро «лашкари ислом шуморида, дар қафаси синаҳои худ аксҳои моҳу ситора ва шерро ҳамчун рамзи Ислом нақшбандӣ кардаанд.»

Ба гуфтаи манбаъ, ин гурӯҳ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва берун аз он даст ба ҷиноятҳои авбошӣ, тамаъҷӯӣ ва куштор машғул будаанд. Ду нафар аз аъзоёни ин гурӯҳ Абдумаҷид Халилов ва ва Набиҷон Собиров ҳатто дар ҳудуди Русия ҳам даст ба ҷиноятҳои авбошӣ задаанд. «Ин шахсон дар Русия бо истифода аз таппонча ба шаҳрвандони Тоҷикистон таҳдиду зӯроварӣ намуда, ҳатто чанд нафари онҳоро захмӣ кардаанд.»

Манбаъ афзуд, рӯзи 8-уми декабри соли равон тибқи қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд Зоҳирҷон Бобоев ба мӯҳлати 11 сол, Абдумаҷид Халилов ва Набиҷон Собиров ба мӯҳлатҳои 10 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин се нафар солҳои 2009 бо содир кардани ҷиноятҳои авбошӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда будаанд. Мақомот мегӯяд, айни ҳол аъзоёни дигари ин гурӯҳ дастгир нашуда дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва корҳои тафтишотӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG