Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои Озодӣ мавриди ҳамлаи DDoS қарор гирифт


Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ шурӯъ аз субҳи рӯзи якшанбе, 8 декабр,пайваста мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор мегирад.

Дар изҳороти раиси кулли Радио Кевин Клозе гуфта шудааст, ки айни ҳол кормандони фаннӣ дар талоши аз байн бурдани ин ҳамлаанд. "Мо дар бораи ин ҳамла дар посух ба ниёзмандиҳои шунавандагон хабар медиҳем, ки ба ахбори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ эътимод доранд", омадааст дар ин изҳорот. Ҳадафи ин радио пахшу табодули озоди ахбор аст ва ҷаноби Клозе навиштааст "мо дахолат ба ин рисолатамон маҳкум мекунем". Гуфта мешавад, ки шояд ҳадаф аз ҳамлаи ҳакерӣ дур кардани алоқамандони ин расонаи хабарӣ бошад.

Моҳи гузашта ҳам Радиои Озодӣ ҳадафи ҳамлаи DDoS қарор гирифта буд. Аз ин пеш соли 2008 бахши белорусии Радиои Озодӣ ҳам ба ин гуна ҳамла мувоҷеҳ шуда буд.
XS
SM
MD
LG