Пайвандҳои дастрасӣ

Дмитрий Киселев: фосилае аз хабарнигорӣ то тарғибгарӣ


Як навори видеоӣ дар торнамои YouTube баёнгари он аст, ки хабарнигор дар Русия чӣ гуна метавонад тағйир ёбад.

Соли 1999, замоне, ки Владимир Путин лаҷоми қудратро дар Русия ба даст гирифт, Дмитрий Киселев як муҷрии ояндадори телевизион буд ва дар мавриди фарқи миёни хабарнигорӣ ва тарғибгарӣ ақидаи худро дошт. Дар як барномаи телевизионӣ ӯ эълом дошт, ки “хабарнигор наметавонад аз одоби хабарнигорӣ ҷудо бошад. Аммо афродеро, ки шумо дар телевизион мебинед, аксар вақт наметавон хабарнигор номид, зеро онҳо бештар тарғибгаранд”.

Чаҳордаҳ сол баъд Владимир Путин лаҷоми қудратро дар Русия маҳкамтар дар даст дорад. Ва Киселев, ки ахиран аз сӯи раисиҷумҳур раҳбари як расонаи меҳварӣ таъин гардид, акнун бештар на хабарнигор, балки як тарғибгар аст. Дар YouTube навореро бо суханронии Киселев метавон дид, ки мегӯяд, “ба онҳо (ҳамҷинсбозҳо) бояд хунсупориро манъ кард. Ва дили онҳоро, агар дар садамаи нақлиётӣ бимиранд, ҳамчунин як чизи нодаркор барои идомаи зиндагии каси дигар бояд зери хок кард ё сӯзонд”.

Дмитрий Киселеви 59-сола рӯзи 9 декабр бо амри раисиҷумҳур раҳбари хабаргузории “Россия Сегодня” таъин шуд. Расонаи нав ба ҷойи хабаргузории “РИА Новости” таъсис шудааст. Владимир Путин “РИА Новости”-ро барои он барҳам дод, ки солона ба 110 миллион доллар хароҷот ниёз дошт.

Нозирон дар Русия на аз баста шудани "РИА Новости", балки бештар аз таъини Дмитрий Киселев, муовини раиси ТВ Россия, як шабакаи пуштибон аз раисиҷумҳур Владимир Путин, ба мақоми нав изҳори нигаронӣ карданд. Киселев муаллиф ва муҷрии барномаи “Вести недели” (“Хабарҳои ҳафта”) аст, ки, аз нигоҳи коршиносон, ҳадафаш дифоъ аз сиёсати баҳсбарангези Кремл ва тӯҳмат задан ба Ғарб мебошад.

Фармони раисиҷумҳури Русия дар бораи раҳбари “Россия Сегодня” таъин кардани Дмитрий Киселев як рӯз баъд аз таҳлили муғризонаи ӯ дар бораи намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Украина содир шуд. Ҳаводиси Украина ҳукумати Русияро шадидан нигарон кардааст.Дмитрий Киселев дар таҳлили худ ин эътирозҳоро “тӯфон дар пиёла” номид ва афзуд, “Майдон, яъне чӣ? Ин як нуқтаи хурд дар бадани Украина аст. Агар онро сӯзонед, бадан ба дард меояд. Аммо ин дарди марговар нест”.

Игор Яковенко, собиқ Дабири кулли Иттиҳодияи хабарнигорони Русия, дар сӯҳбат бо бахши русиии Радиои Озодӣ гуфт, ки таъиноти ғайримунтазираи Киселев баёнгари нигарониҳо миёни элитаи сиёсии Кремл аст. Аз нигоҳи ӯ, “ин тасмими комилан бесамар, ҳатто метавон гуфт, аблаҳона аст, зеро тарғиботе, ки хоси Киселев аст, бар пояи дурӯғи маҳз бунёд шудааст. Ҳама чизе, ки ӯ дар бораи Майдон мегӯяд, ҳама гуфтаҳои пешинаи ӯ дар бораи мухолифини Русия – дурӯғи маҳзанд. Ин ҳама фақат дар шароити сензура мумкин аст, дар шароите, ки иттилоъ дар инҳисори ҳукумат қарор дорад”.

Кремл мегӯяд, ки самти аслии фаъолияти «Россия сегодня» - инъикоси сиёсати давлатӣ ва зиндагии мардуми Русия дар хориҷи кишвар хоҳад буд. Зимнан, “РИА Новости” арзишҳои худро чун “иттилои фаврӣ, воқеъбинона, ҳақиқӣ ва новобаста аз вазъи сиёсӣ” эълон карда буд. Бо амри Путин, ширкати давлатии радиоии «Голос России» аз байн бурда ва ҳама дороии он дар ихтиёри хабаргузории «Россия сегодня» гузошта мешавад.

Дмитрий Киселев баъди рӯ ба рӯ шудан бо мухолифати хабарнигорону расонаҳои давлатӣ эълом дошт, ки барои ҳифзи ҷойи кори теъдоди зиёди кормандони “РИА Новости” талош хоҳад кард. Аммо Игор Яковенко мегӯяд, ки ҳама хабаргузории нав ахборро чун Йозеф Гебелс, тарғибгари Олмони ҳитлерӣ, тақдим хоҳад кард. Аз нигоҳи ӯ, “байни Светлана Миронюк (сармуҳаррири “РИА Новости”), ки хабарнигори ҳирфаӣ аст ва Дмитрий Киселев, ки баъд аз дурӯғи маҳз зимни инъикоси ҳаводиси Майдон рӯзи дигар ҷоизаеро чун курсии як хабаргузории бузург соҳиб шуд, воқеъан ҳам фосилаи ҷиддӣ мавҷуд аст”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG