Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон ва Янукович бӯҳрони Украинаро баррасӣ карданд


Кэтрин Эштон, раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ба хотири бурунрафт аз бӯрҳони сиёсӣ дар Украина, шоми сешанбе, 10 декабр, бо раисиҷумҳур Виктор Янукович музокирот анҷом дод. Сухангӯи ӯ дар Твиттер навишт, ки хонум Эштон, қабл аз мулоқот бо раҳбарони мухолифини ҳукумати Украина, тайи севуним соат бо Янукович гуфтугӯ кард. Тафсилоти ин гуфтугӯ алҳол ошкор нашудааст.

Аз ин пеш Виктор Янукович изҳор намуд, ки шояд рӯзи чаҳоршанбе музокирот бо Иттиҳодияи Аврупо оид ба имзои созишномаи ҳамгироӣ аз сар гирифта шавад. Ӯ дар мулоқот бо се раҳбари пешини кишвар - Виктор Юшенко, Леонид Кучма ва Леонид Кравчук дар Киев хабар дод, ки қарор аст рӯзҳои наздик гурӯҳи корӣ таҳти раёсати муовини нахуствазир Сергей Арбузов ба Брюсел сафар кунад. Ӯ ҳамчунин аз ҳукумат хост, ки қабл аз саммити Украина-Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи март пешниҳодҳои Киевро таҳия кунад, то ба гуфтаи ӯ, “таҳдидҳои иқтисодӣ ба Украина зимни имзои созишнома ҳарчӣ камтар бошанд”.

Виктор Янукович аз талабҳои эътирозгарон оид ба ҳамгароии Украина бо Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ кард ва аммо гуфт, ҳамаи муҷримон дар қонуншиканиҳо дар майдони Истиқлол бояд муҷозот шаванд.

Намоишҳои эътирозӣ дар Украина баъд аз он оммавӣ шуданд, ки рӯзи 21 ноябр ҳукумат дар мавриди мутаваққиф кардани омодагиҳо барои имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт. Дар Украина ҳамоишҳои мухолифини ҳамгароии Киев бо Иттиҳодияи Аврупо ҳам идома доранд.

Думаи давлатии Русия рӯзи сешанбе аз дахолати сиёсатмадорони кишварҳои ғарбӣ ба умури Украина изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG