Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркия алайҳи эътирозгарон иттиҳом эълон шуд


Дар Туркия алайҳи 255 тан аз ширкаткунандагони намоишҳои оммавии моҳи июни соли равон иттиҳом эълон шуд. Он дар нақзи қонуни баргузории гирдиҳамоиҳо, тахрибкорӣ, дифоъ аз ҷинояткорон, латукӯби кормандони давлатӣ ва рабудани нақлиёт муттаҳам мешаванд. Дар ин бора Додситонии Туркия хабар додааст.

Бар асари тазоҳуроти зиддиҳукуматии ним соли пеш ва бархӯрди эътирозгарон бо полис дасти кам шаш нафар кушта ва тақрибан 8 ҳазор тани дигари маҷрӯҳ шуданд. Эътирозҳо се ҳафта идома ёфта, барои нахуствазир Раҷаб Тайид Эрдуғон дарди сари ҷиддӣ эҷод карданд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Туркия баъд аз он густурда шуданд, ки рӯзи 28 май полис ҳамоиши донишҷӯёни Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар боғи фароғатии Ғозӣ ва он ҷо бунёд кардани пойгоҳи низомӣ, масҷид ва маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд. Эътирозҳо ба шаҳрҳои бузурги Туркия, аз ҷумла, ба пойтахт - шаҳри Анкара печиданд.
XS
SM
MD
LG