Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович: Рӯзи чаҳоршанбе ҳайати Украина ба Бруссел меравад


Фиристодагони Ғарб дар Украина қарор доранд, то бо Виктор Янукович-раиси ҷумҳури ин кишвар, ки мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро моҳи гузашта имзо накард, музокира анҷом диҳанд.

Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо низ бо Янукович музокираро идома медиҳад. Қарор аст Виктория Нуланд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико низ бо раиси ҷумҳури Украина мулоқот кунад. Қабл аз мулоқот бо Янукович Виктория Нуланд бо раҳбарони мухолифони Украина дидор ва гуфтугӯ дошт.

Янукович мегӯяд, ки рӯзи чаҳоршанбе ҳайати боломақоми кишвараш барои баррасии равобити наздики Украина бо Иттиҳодияи Аврупо ба Бруссел сафар мекунад. Вай ин хабарро баъд аз мулоқот бо се раиси ҷумҳури пешин эълон кард.
XS
SM
MD
LG