Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадрасаи номдори Покистон аз воксини атфол ҳимоят кард


Яке аз мадрасаҳои номдори улуми динии Покистон ба таври ошкор аз тақсими воксини зидди фалаҷи кӯдакон ҳимоят кард. Мадрасаи Дорулулум Ҳаққония дар минтақаи Хайбар Пашпунхвоҳ рӯзи душанбе фатвоеро содир кард, ки воксини зидди фалаҷи атфол ба шариати ислом мутобиқат мекунад ва аз волидайн хост, ки барои фарзандони худ онро бигиранд.

Покистон яке аз се кишвари ҷаҳон аст, ки то ҳол бемории фалаҷи атфол ривоҷ дорад. Баъзе аз кормандоне, ки ба тақсими ин дору машғуланд мавриди ҳамлаи тундравҳо қарор гирифтаанд. Тундравҳо ба ин барнома замоне шубҳа пайдо карданд, ки CIA ё Ожонси марказии кашфи Амрико чунин барномаро барои пайдо кардан ва саранҷом ба қатл расондани Усома Бен Лоден-раҳбари шабакаи Ал Қоида истифода кард.
XS
SM
MD
LG