Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафирони Русия дар Тошканд мулоқот мекунанд


Григорий Карасин
Григорий Карасин
Сафирони Русия дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон рӯзи сешанбе дапр Тошканд-пойтахти Узбакистон мулоқот ва вазъ дар минтақаро дар шароити хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон баррасӣ мекунанд. Вазорати корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, ки раёсати мулоқоти Тошкандро Григорий Карасин-муовини вазири хориҷаи Русия бар уҳда дорад. Ба гуфтаи ин манбаъ, намояндагони Афғонистону Тоҷикистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Узбакистон низ дар ин мулоқот ҳузур хоҳанд дошт. Вале гуфта намешавад, ки ин намояндагон дар сатҳи чӣ мақоме ба мулоқот меоянд. Ҳоло вазири корҳои хориҷаи Узбакистон машғули боздид аз Амрикост.

Рӯзномаи “Коммерсант”-чопи Маскав дар остонаи ин мулоқот мусоҳибаеро бо Игор Лякин Фролов-сафири Русия дар Тоҷикистон ба нашр расонд. Фролов гуфтааст, ки баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон аҳамияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои минтақаи Осиёи Миёна бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG