Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти гурӯҳи нашъаҷаллобон дар ноҳияи Фархор


Кормандони мақомоти тоҷик дар ноҳияи Фархор як гурӯҳи нашъаҷалобро дастгир кардаанд. Тавре аз Оҷонсии назорати маводи мухаддир рӯзи 9-уми декабр хабар доданд, дар доираи гузаронидани як амалиёт яке аз аъзоёни фаъоли ин гурӯҳ, сокини 19-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ҳангоми фурӯхтани маводи нашъаовар дастгир шудааст.

Дар вақти дастгир намудан аз ӯ як пакети селофанӣ маводи нашъаовари навъи афюн ёфт шудааст.

Манбаъ афзуд «бо иститфода аз ин аъзои гурӯҳ дигар аъзо ва роҳбари гурӯҳи нашъаҷаллобонро муайян ва дастгир намудаанд. Онҳо мехостанд, маводи нашъаоварро, ки бо таври қочоқ аз Афғонистон ба даст овардааанд тариқи ҷумҳурии мо ба ҳудуди Русия интиқол намоянд.»

Аз хонаи истиқоматии роҳбари гурӯҳ, сокини деҳаи Даркади ноҳияи Фархор кормандони оперативии оҷонсӣ халтаи селофанӣ бо афюн, ки вазнаш қариб 2 кило будааст ёфт ва мусодира намуданд. Аммо масъулони оҷонсии назорати маводи нашъадор номи аъзоёни ин гурӯҳро, ба хотири халал наовардан ба тафтиши парванда фош накарданд.

Аз рӯйи ин ҳодиса нисбати шаҳрвандони дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққаттии оҷонсӣ оварда шудаанд.

Гуфта мешавад дар давоми соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 800 ҷинояти марбут ба маводи нашъадор ошкор шудааст.
XS
SM
MD
LG