Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиноват парлумони Таиландро пароканда кард


Йинглак Шиноват
Йинглак Шиноват
Йинглак Шиноват, нахуствазири Таиланд, рӯзи душанбе, 9 декабр, эълом дошт, ки парлумонро пароканда ва интихоботи нави парлумониро баргузор мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат намехоҳад, ки кишвар ва мардумаш ба шикастҳои нав муҳоҷеҳ шаванд.

Чанд ҳафта боз дар хиёбонҳои Бангкок, пойтахти Таиланд, намоишҳои эътирозии нерӯҳои мухолифин идома доранд, ки баъзан боиси бенизомиҳо ва бархӯрд бо полис мешуданд. Ба иттилои France-Presse, рӯзи душанбе дар намоишҳои эътирозӣ дар Бангкок бо талаби истеъфои ҳукумат тақрибан сад ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард. Ҷонибдорони мухолифин мегӯянд, ки нахуствазир Йинглак Шиноват аз бародараш Таксин Шиноват, ки соли 2008 бар асари табаддулоти давлатӣ барканор шуда кишварро тарк карда буд, пуштибонӣ мекунад, то ӯ бо иттиҳоми фасод зиндонӣ нашавад.

Рӯзи якшанбе ҳама вакилони парлумон аз нерӯҳои мухолифин хуруҷашон аз ин ниҳоди қонунбарорро эълон карда буданд. Мухолифон мегӯянд, ки бо вуҷуди тасмими ахири нахуствазир, то замони кишварро тарк намудани Йинглак Шиноват ва аҳли хонаводааш эътирозҳоро идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG