Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ба ҷойи РИА "Новости" хабаргузории нав таъсис дод


Дмитрий Киселев

Дмитрий Киселев

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар бораи аз байн бурдани хабаргузории РИА «Новости» ва дар пояи он таъсис кардани хабаргузории «Россия сегодня» амр содир кард. Ба иттилои сомонаи интернетии Кремл, Дмитрий Киселев раиси куллии хабаргузории нав таъин шудааст.

Бар пояи хабар, самти аслии фаъолияти «Россия сегодня» - инъикоси сиёсати давлатӣ ва зиндагии мардуми Русия дар хориҷи кишвар хоҳад буд.

Бо амри раисиҷумҳур ҳамчунин ширкати давлатии радиоии «Голос России» аз байн бурда ва ҳама дороии он дар ихтиёри хабаргузории «Россия сегодня» гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG