Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон ба ёди Мандела иҷлосия баргузор мекунад


Парлумони Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ рӯзи душанбе ҷаласаи вижаеро ба ёди Нелсон Мандела баргузор мекунад.

Рӯзи якшанбе дар ин кишвар рӯзи “дуову ниёиш ва андеша” дар бораи раҳбари пешин эълон шуда буд. Дар маросимҳои мазҳабӣ ва маҳфилҳои ёдбуд миллионҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ширкат доштанд.

Рӯзи сешанбе дар варзишгоҳи шаҳри Иоханнесбург маросими бузурги мазҳабӣ дир мешавад – бори ахир, ҳангоми баргузории чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2010, Нелсон Мандела дар ҳамин варзишгоҳ дар маърази ом пайдо шуда буд.

Қарор аст дар маросими видоъ бо барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Нелсон Мандела,, ки 15 декабр баргузор мешавад, сарони тақрибан 60 кишвари олам ширкат кунанд. Миёни онҳо – раисиҷумҳури ИМА Барак Обама, раҳбари Фаронса Франсуа Ҳоланд, нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон, раисиҷумҳури Олмон Йоахим Гаук, Дабири кулли СММ Бан Ки Мун низ хоҳанд буд.

Нелсон Мандела, раҳбари пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, ки рамзи мубориза бо нажодпарастӣ маҳсуб мешавад, ҳафтаи гузашта дар синни 95-солагӣ ва дар ҳалқаи пайвандонаш аз олам даргузашт. Ӯ моҳи сентябр, баъд аз се моҳи табобат дар бемористон, ба манзилаш дар шаҳри Йоханнесбург интиқол ёфт ва то лаҳзаи вопасин зери назорати табибон қарор дошт. Нелсон Мандела моҳҳои ахир ба маризии шуш мубтало буд.
XS
SM
MD
LG