Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон эълон шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ситоди мураббиёни тими мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ҳайати васеи дастаро барои ширкат дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ҷиҳати омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод-2014 эълон кард.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “ба ин ҷамъомад, ки рӯзи 20-уми декабр дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ мешавад, 28 бозигар – 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Давраи дувуми омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 2-юм то 10-уми январ баргузор мешавад. Баргузории давраи севум ва охирини омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод дар Анталияи Туркия дар назар аст.»

Бояд гуфт, ки ба дархости ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014, ки аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар Санкт-Петербург барпо мегардад, 20 бозигар дохил мешавад. Дар Ҷоми Иттиҳод12 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат мекунад. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский» барпо мегарданд.

Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шудаанд:
Гурӯҳи«А»: Эстония, Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон.
Гурӯҳи «В»: Литва, Туркманистон, Русия, Молдова.
Гурӯҳи «С»: Латвия, Узбакистон, Беларус, Қазоқистон.

Мусобиқот барои Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон 25-уми январ бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳӣ 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-21):
Дарвозабонҳо: Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Баҳодур Шамсов («Равшан»);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Саид Исмоилов, Фирдавс Тусматов (ҳарсе аз «Регар-ТадАЗ»), Сайидхони Амрохон («Равшан»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»), Фирдавс Ҳоҷиев, Дилшод Каримов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Музаффар Назаров, Сайидамири Сайидаҳмад, Хуршед Бекназаров (ҳарсе аз «Вахш»), Фирдавс Гадоев («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Шавкати Ҳотам, Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду аз «Энергетик»), Ҳусниддин Ашӯров («Спитамен»), Ҷаҳонгир Эргашев, Ромиш Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Наврӯз Рустамов («Вахш»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Толибҷон Султонов («Истиқлол»).
XS
SM
MD
LG