Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 2 сокини Ёвон бо 10 кг маводи нашъадор


Мақомоти корҳои дохилӣ ду сокини ноҳияи Ёвонро бо беш аз 10 кг маводи нашъадор дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 9-уми декабр хабар дод, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ Ашуров Сироҷиддини 30-сола ва ва Шарипов Зикруллои 43-сола, сокинони ноҳияи Ёвонро дастгир кардаанд ва ҳангоми ҷустуҷӯ аз онҳо 8 килою 680 грамм маводи нашъадори «афюн», 1 кило маводи «бангдона» ва 1 кило «ҳашиш», ҷамъ ба миқдори 10 килою 680 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
XS
SM
MD
LG