Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 10-уми декабр қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2014 баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бар асоси тасмими кумитаи иҷроияи AFC ба иллати рейтинги пасти техникии Тоҷикистон дар Ҷоми AFC дар ин мусобиқот Тоҷикистонро танҳо як даста намояндагӣ мекунад.

Қаҳрамони Тоҷикистон - «Равшан»-и Кӯлоб, ки ба ин мусобиқот аз даври интихобӣ ё плей-офф роҳ дода шудааст, рӯзи 2-юми феврал дар майдони худ бо қаҳрамони секаратаи Яман - бошгоҳи «Ал-Ярмук Ал-Равда» бозӣ хоҳад кард. Ғолиби ин ҷуфт ба даври гурӯҳии мусобиқот роҳхат мегирад.

Ҳамзамон дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур семинари таълимии Конфедератсияи футболи Осиё барои менеҷерҳо ва сухангӯёни бошгоҳҳои футболе, ки дар Ҷоми AFC-2014 иштирок мекунанд, доир хоҳад шуд.

Дар кори ин семинари таълимӣ намояндагони 34 дастаи ширкаткунандаи Ҷоми AFC-2014, аз он ҷумла Дилшод Шарифов, менеҷери бошгоҳи “Равшан”-и Кӯлоб ва Ҷовидон Бобоев, сухангӯи қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, ширкат меварзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG