Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба Русия


Ҳайате аз оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар раъси Рустам Назаров, раиси ин ниҳод ба Русия сафар кардааст.

Масъулони дафтари матбуоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ҳадафи аслии ин ҳайат, "баррасии масоили ҳамоҳангсозии ҷилавгирии роҳҳои қочоқи маводи мухаддир ба қаламрави Русия" мебошад.

Ба иттилои ин масъулон ҳайати оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон аз шаҳрҳои Екатерингбург, Тюмен, Омск, Новосибирск ва Красноярск боздид намуда ва бо мақомоти вилоятҳо, раёсати пулис ва хадамоти мубориза бо маводи мухаддири ин минтақаҳо ва ҳамчунин бо фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими Русия дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.

Ин масъулон меафзоянд, "дар ҷараёни дидору гуфтугӯҳо, табодули иттилооти фаврӣ ва андешидани иқдомоти муштарак дар заминаи ошкор ва маҳв кардани гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва дигар чорабиниҳо дар назар аст."

Ҳамчунин қарор аст, ҳайати Оҷонсии назорат бар маводи мухадири Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба Русия аз Донишкадаи ҳуқуқи Сибири Хадамоти федеролии назорати маводи мухадрии Русия дидан кунад.

Зимнан, дар ин донишкада 20 тан аз кормандони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG