Пайвандҳои дастрасӣ

Каримов хостори ислоҳот дар Қонуни Асосии Узбакистон шуд


Ислом Каримов

Ислом Каримов

Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон пешниҳод кардааст, ки дар Қонуни Асосии ин кишвар тағирот ворид ва салоҳиятҳои ҳар ду маҷлиси порламони кишвар бештар карда шавад. Ба гуфтаи вай, порламон набояд фаъолияти худро бо тафтиши иҷрои қонунҳо маҳдуд созад, балки бояд назорат бар фаъолияти ҳукматро низ тақвият диҳад ва дар бораи масъалаҳои муҳими сисёсати дохилӣ ва хориҷӣ тасмим бигирад.

Ин нукотро раиси ҷумҳур дар робита бо 21 солагии қабули Қонуни Асосии Узбакистон изҳор дошт. Дар ин бора матбуот хабар додааст. Каримов ҳамчунин бар зарурати боло бурдани нақши ҳизбҳои сиёсӣ таъкид кардааст ва гуфтааст, ки ин кор ба ислоҳот дар ҷомеа ва таҷдиди кишвар кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG