Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи якшанбе таркишҳои хунбор дар Ироқ идома дошт


Бино ба гузоришҳо, рӯзи якшанбе дар Бағдод ва атрофи он як силсила таркишҳо рух дод ва ҳудуди 33 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар гузоришҳо аз қавли мақомоти амниятӣ ва кормандони тиббӣ омдааст, ки дар ин таркишҳо ҳамчунин 90 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шадидтарин таркиш дар маҳаллаи шианишини Байои Бағдод рух додааст. Дар он ҷо мошини бамгузоришуда таркидааст ва 5 куштаву 14 маҷруҳ бар ҷой гузоштааст.

Соли ҷорӣ хушунатҳо дар Ироқ ба ҳадде расидааст, ки аз соли 2008 ба ин сӯ мушоҳида нашуда буд. Соли ҷорӣ задухурдҳои мазҳабӣ бештар шудааст. Бино ба гузориши Франс Пресс дар давоми соли ҷорӣ дар чунин задухурдҳо 6 300 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG