Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонӣ аввалин будҷаи кобинаи худро ба порламон фиристод


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ

Рӯзи якшанбе Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон аввалин будҷаи давраи раёсати ҷумҳурии худро ба Маҷлис ё порламони кишвараш пешниҳод кард. Вай гуфт, ки мубориза бо таваррум ва рушди бештари иқтисод аз бартариҳои ин будҷа ба шумор меравад.

Рӯҳонӣ дар суханронии худ ҳангоми муарифии будҷа, ки аз тариқи телевизион мустақиман пахш мешуд, гуфт “нигаонии аслии ҳукумат иҷоди ҷойҳои корӣ, мубориза бо таварруми идомадор ватаъмини рушди иқтисод аст”.

Вай ҳамчунин таъкитд кард, ки созиши моҳи гузашта бо шаш қудрати ҷаҳонӣ аз ҳоло самараи мусбати худро дар иқтисод нишон додааст. Таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ бар зидди Эрон барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон таъсири манфии худро расонда буд, ба вижа арзиши пули миллии Эрон хеле поин рафт.
XS
SM
MD
LG