Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юнон будҷаи давлатии худро барои соли 2014 ба тасвиб расонд


Намояндагони порламони Юнон тарҳи будҷаи давлатиро барои соли 2014 ба тасвиб расонданд. Ин будҷа бозгашт ба болоравии сатҳи иқтисодро пешбинӣ мекунад, ки баъд аз шаш соли пайдарҳами нокомии рушд ва кӯмакҳои молӣ таҳия шудааст.

Он гуна, ки интизор мерафт, ба ҳукумати эътилофии иборат аз муҳофизакорон ва сотсиалистҳо муясар шуд, ки шаби рӯзи шанбе ин будҷаро дар порламон ба тасвиб расонанд. Аз 300 нафар аъзои порламон 153 нафар ба ҷонибдорӣ аз тарҳи будҷа рай доданд. 142 нафар ин будҷаро ҷонибдорӣ накарданд.

Антонис Самаранч-нахуствазири Юнон аз ин будҷа истиқбол кард ва гуфт, ки баъд аз кӯмакҳои молӣ, ки ин кишвар аз соли 2007 ба ин сӯ мегирифт, будҷа нав 0,6 дарсад рушдро барои соли 2014 пешбинӣ мекунад.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки даромаду масорифи будҷа бо ҳам мутобиқат надорад, зеро кишвар аз сармоягузорони хориҷӣ аз соли 2010 ба ин сӯ 240 миллиард доллар кӯмак гирифтааст ва кишварро дар чанголи қарз нигоҳ медорад.
XS
SM
MD
LG