Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси рушди иқтисодии қораи Осиё дар Исломобод


Бинои парлумони Покистон.
Бинои парлумони Покистон.

Ҳайати Тоҷикистонро дар Ассамблеяи 6-уми парлумонии кишварҳои Осиё дар Исломобод, муовини раиси МН раҳбарӣ мекунад.

Рӯзи 8-уми декабр дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод нишасти 6-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё зери унвони «Асри Осиё: Ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ, энержӣ ва зистмуҳитӣ» ба кор оғоз кард, ки дар он намояндагони сӣ кишвари қора ба шумули раҳбарон ва вакилони парлумонҳои кишварҳои Осиё ширкат доранд.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон рӯзи 8-уми декабр дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова ва муовини раиси Кумитаи парлумон оид ба масоили байналмилалӣ Амирхон Сафаров намояндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи оқои Салимзода, «ин нишаст дар таҳкими муносибот байни парлумонҳои ин ҳавза қадами тозае хоҳад буд ва гумон мекунам, густариши ҳамкориҳои моро такон хоҳад бахшид."

Қораи Осиё дорои захираҳои бузурги инсонӣ ва табиӣ буда, дар оянда дучори чолишҳо бузурге хоҳад буд. Бисёре аз коршиносон тахмин мезананд, ки асри муосир асри Осиёст ва бар ивази Ғарби пешрафта, раҳбарии иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон ба ин қора интиқол хоҳад ёфт.

Нишасти охирини Ассамблеяи парлумонии Осиё соли 2010 дар Димишқ --пойтахти Сурия баргузор шуда буд ва қарор аст дар поёни ин нишаст феълии он дар пойтахти Покистон, Декларатсияи Исломобод қабул шавад.
XS
SM
MD
LG