Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Карзай ба Эрон дар пасманзари баҳси созишномаи амниятӣ бо Амрико


Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон субҳи рӯзи якшанбе бо сафари якрӯза ба Эрон рафтааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон бо пахши як хабарнома ҳадафи ин сафарро гуфтугӯҳо дар мавриди густариши равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар хондааст. Дар иттилоияи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфта шудааст, ки ин сафар як рӯз давом мекунад ва шуморе аз мақомҳои дигари давлатии Афғонистон оқои Карзайро ҳамроҳӣ мекунанд. Тибқи иттилои Радиои Фардо, раиси ҷумҳури Афғонистон дар ин сафар бо мақомҳои эронӣ, аз ҷумла бо раиси ҷумҳури он кишвар сӯҳбат хоҳад кард.

Ҳомид Карзай дар ҳоле ба Теҳрон сафар мекунад, ки рақиби аслии Эрон дар минтақа, яъне Амрико раиси ҷумҳури Афғонистонро зери фишор қарор додааст, ки мувофиқатномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Вошингтонро имзо кунад.
Аммо Эрон аз раиси ҷумҳури Афғонистон хостааст, ки ин мувофиқатномаро имзо накунад.

Ҳукумати Эрон мегӯяд, ки ҳузури нерӯҳои амрикоӣ пас аз соли 2014 дар Афғонистон, бар зидди манфиатҳои он кишвар аст. Марзия Афхам, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки имзои мувофиқатномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Вошингтон, ба нафъи ҳукумат ва мардуми Афғонистон нест.

Пеш аз ин бархе аз мақомҳои афғон гуфта буданд, ки кишварҳои ҳамсоя аз тамоми нерӯ ва имконоти худ истифода мекунанд, то ин созишнома имзо нашавад. Аммо Вадир Софӣ, устоди ҳуқуқ дар факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул мегӯяд, ки "агар ин мувофиқатнома имзо нашавад, ин на ба нафъи Афғонистон ва на ба нафъи сулҳи минтақа аст. Мардуми Афғонистон аз ин ҳолат хайр намебинад ва баръакс вазъият дар Афғонистон печидатар мешавад."

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳоле ба Эрон сурат мегирад, ки пеш аз ин шикоятҳои зиёде дар мавриди бархӯрди Эрон бо афғонҳо, ба шумули дипломатҳои афғон пахш шуда буд. Шуморе аз сенаторҳои афғон гуфтаанд, ки шабакаҳои истихборотии Эрон бо ин дипломатҳо бархӯрди нодуруст мекунанд.
XS
SM
MD
LG