Пайвандҳои дастрасӣ

Чак Ҳегел-вазири дифои ИМА вориди Афғонистон шуд, то аз пойгоҳи нируҳои амрикоӣ дар ин кишвар боздид кунад. Ин боздид рӯзи шанбе дар ҳоле анҷом мегирад, ки Кобулу Вашингтон роҷеъ ба мувофиқатномаи амниятӣ ихтилофи назар доранд.

Мақомоти Амрико мегӯянд, ки бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур мулоқоте ба нақша гирифта нашудааст. Вай имзои мувофиқатномаи дуҷонибаи амниятиро инкор мекунад. Ин мувофиқатнома заминаи қонунии ҳузури нируҳои Амрико дар Афғонистонро баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ дар соли 2014 фароҳам меорад. Аммо сухангӯи Ҳомид Карзай ба матбуот гуфтааст, ки қарор аст Карзай ва Ҳегел дар поёни рӯзи шанбе бо ҳам мулоқот кунанд.

Қабл аз боздид аз Афғонистон, Чак Ҳегел рӯзи шанбе дар Манама-пойтахти Баҳрайн изҳор дошт, ки ҳалли дипломатии барномаҳои ҳастаии Эрон бояд бо нируи низомӣ ҳимоят шавад. Ҳегел гуфт, дипломатияи ғарбӣ бо Теҳрон набояд “бетафовут” бошад. Вай дар маҷмаи амниятии минтақаи Халиҷи Форс зимни суханронии худ гуфт: “Эрон чанд даҳсола бесуботиву хушунат ба саросари минтақа “содир” мекард ва дар паси он, ба такмили барномаҳои ҳастии худ идома медод. Эрони ҳастаӣ ба таври ғайриқобили қабул ба суботи минтақа ва саросари ҷаҳон таҳдид ба бор хоҳад овард”.

Созиши шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии ин кишвар дар 24 ноябр, бисёре аз кишварҳои Халиҷи Форсро, ки аксаран аз мазҳаби суннӣ пайравӣ мекунанд, ба ташвиш овард. Онҳо Эрони шиамазҳабро барои худ хатар медонанд. Ин созиши давраи гузор аз Эрон тақозо мекунад, ки бахше аз барномаҳои ҳастии худро мутаваққиф созад ва дар иваз кишварҳои ғарбӣ бахше аз таҳримҳоро аз миён мебардоранд.

Ҳегел таъкид кард, ки созиши шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон “ғанимат донистани вақт барои музокироти пурмоя аст, на барои фиреб”. Ба ин далел аз дипломатияи Амрико низомиён бидуни чуну чаро ҷонибдорӣ ва бо ҳампаймонҳои худ дар минтақа ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Чак Ҳегел афзуд, Амрико ҳамчунон ӯҳдадор хоҳад буд, ки 35 ҳазор нафар низомиёни худро дар кишварҳои Халиҷи Форс нигаҳ дорад. Аз онҳо 10 ҳазор нафар нерӯҳои артиш ва гурӯҳи ҷангии ҳавопаймобарҳо хоҳанд буд. Ҳегел гуфт: “Имрӯз, ки Амрико аз давраи тӯлонии ҷанг берун меояд, масъулиятҳрои худро канор нахоҳад гузошт. Ӯҳдадориҳои Амрико дар ин минтақа таъйид шудааст ва он пойдор аст. Ман умедвори музокироти оянда ҳастам”.

Дар Теҳрон Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон аз созишномаи давраи гузор ҳимоят кард ва гуфт, ки рушди иқтисод муҳим аст дар ҳоле, ки барномаҳои сулҳомези ҳастаиро низ аз даст намегузорад. Барои Рӯҳонӣ дар дохили кишвараш қабул кунондани шарту шароити созишнома мушкил аст. Вай рӯзи шанбе дар мулоқот бо донишҷӯён таъкид кард, ки бидуни “тавоноии иқтисодӣ, тавоноии миллии мо тақвият нахоҳад ёфт.”
XS
SM
MD
LG