Пайвандҳои дастрасӣ

Бозрасони байналмиллалӣ аз Эрон боздид мекунанд


Дар ду соли охир бори аввал бозрасони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ бори аввал вориди Эрон шуданд, то аз таъсисоти энержии ин кишвар боздид кунанд. Матбуоти Эрон гузориш додааст, ки ду нафар бозрасон рӯзи якшанбе аз корхонаи ҳастаӣ дар шаҳри Арок боздид хоҳанд кард.

Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки 24 ноябр дар Женев шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи қатъи бахше аз барномаҳои ҳастаии Эрон ба созиш расиданд.
Бар асоси ин созиш, барои чунин ақибнишинӣ бахше аз таҳримҳои байналмиллалалӣ бар зидди Эрон лағв мешаванд. Эрон розӣ шудааст, ки реактори ҳастаии Арок тавлиди сӯхтро қатъ кунад, вале сохту соз дар дохили корхона идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG