Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ табибонро барои даргузашти мизоҷ ҷарима баст


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Илҳом Носиров-пизишки муолиҷи Ҳакимҷон Ҳазратқулов -гиторнавози гурӯҳи “Парем”-ро 16 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Ин гиторнавоз дар маркази тиббии Қарияи Боло, ки мудири он Носиров аст, даргузаштааст.

Носиров баъд аз даргузашти ҳунарманд акнун се моҳ аст дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад. Вай ҳамчунин ду сол ҳақи фаъолиятҳои тиббиро нахоҳад дошт.

Шуҳрат Бобоев-пизишки ин марказ 28 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст ва вай ҳам наметавонад ду сол ба муолиҷа машғул шавад. Осиф Сафаров 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекунад ва вай ҳам мисли ин ду нафар наметавонад ду сол ба фаъолияти пизишкӣ ҷалб шавад.

17 марти соли ҷорӣ Ҳакимҷон Ҳазратқулови гиторнавоз бо зарби косахонаи сар ба ин маркази тиббӣ оварда шуд. Сари вай ҳангоми бозии футбол зарб хӯрда буд. Вай баъд аз 43 рӯзи муолиҷа даргузашт. Аммо табибон бо машварати якдигар падари гиторнавозро, ки дар вазъи душвори равонӣ буд, маҷбур кардаанд, ки барои муолиҷа ва дору пул диҳад. Онҳо дар ин 43 рӯз аз падари бемор 10 ҳазору 470 сомонӣ ришва гирифтаанд, бо вуҷуди он, ки дар Қарияи Боло табобат ройгон анҷом мегирад. Дар ин бора матбуоти Тоҷикистон хабар медиҳад.
XS
SM
MD
LG