Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Духтарони Омударё" дар Душанбе муаррифӣ шуд


«Духтарони Омударё» дафтари шеърҳои Латифи Пидром, шоири тоҷиктабори Афғонистон аст, ки бо хатти кириллӣ ба зевари чоп ороста шуд.

Ин барои нахустин бор аст, ки маҷмӯаи комили як шоири афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба шакли ҷудогона бо хатти кириллӣ чоп мешавад. Аз Латифи Пидром қаблан ҳам шеърҳои пароканда дар матбуот ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон чоп шуда буд ва инак ин китоб дар навъи худ муҳимтарин асари Латифи Пидром аст, ки бо хатти кириллӣ ба нашр мерасад.

Китоб дарбаргирандаи ду дафтари шеъри ин шоир ва рӯзноманигор--«Яксара бо ту Бадахшон» ва «Ёддоштҳои як хобгард аст», мебошад. Ин дафтари шеър бо ибтикори Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон, рӯи чоп омадааст.

Маросими рӯнамоӣ ё муаррифии китоби "Духтарони Омударё" баъд аз зӯҳри 7-уми декабр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт ва бо ҳузури густардаи сиёсатмадорон, донишмандон, рӯзноманигорон ва ҷамъи зиёди ҳаводорони ашъори Латифи Пидром, баргузор шуд.

Ато Мирхоҷа, муҳаррири ин маҷмӯаи шеърии Латифи Пидром дар ин маросим гуфт, ки олами шеъри ин шоир шигифтангез аст. Ба гуфтаи оқои Мирхоҷа, шеъри Пидром тақлид нест, балки метавонад шоирони дигарронро ба дунболи худ барад, бар хилофи шоирони Тоҷикистони пас аз инқилоби Октябр, ки шеъри классикиро раҳо карда, рӯ ба шеъри омиёна оварданд

Шоири тавонои тоҷик устод Мӯъмин Қаноат гуфт, "ки он дар усули тасвир сюриализми ҷадид дар шеваи хаёлӣ ба кор омадааст. Бахши аввали ин маҷмӯа «Ба ёди фармондеҳ» аст, ки дар он на ҷанг, на қаҳрамонӣ, на симои қаҳрамон, балки рамз, тамсил, чун да синамо намоде сояравшан падид меояд ва дар зулмати замон нопадид мегардад, садое аз Ҳиндукуш, Помир ва Панҷшер баланд мешавад ва дар суқути ҳақиқати замон сукут мекунад."

Устод Қаноат афзуд, ки дар шеъри Пидром навоваринҳо нисбат ба шеъри Тоҷикистон ва Эрон бештар аст ва шеъри Пидром дар ҷаҳони форсӣ шеърест имрӯзӣ ва фардоӣ, ки то кунун касе нагуфтааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин шоираи номвари тоҷик Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷикзабони Узбакистон Неъмат Ҳаёт, шоир Аскар Ҳаким, рӯзноманигор Мирзо Шукурзода, шоирон Беҳрӯзи Забеҳулло, Хосият Вализода ва дигарон дар атрофи ин китоб сӯҳбат карданд.

Латифи Пидром дар ин нишаст гуфт, дар Кобул китоберо таҳти унвони «Намунаи шеъри муосири Тоҷикистон» бо хатти форсӣ ба нашр расонидааст, ки намунаи шеъри наздик ба чиҳил шоири саршиноси Тоҷикистонро барои шефтагони шеъру адаби Афғонистон муаррифӣ мекунад.

Ӯ афзуд, ки дар ояндаи наздик романи «Масъуди сипаҳсолор», ки ба қалами нависандаи тоҷик Саид Раҳмон тааллуқ дорад, дар Афғонистон ба хатти форсӣ ба нашр хоҳад расид. Оқои Пидром дар идома гуфт, ки дар оянда талош ба харҷ хоҳанд дод, то осори илмӣ ва фалсафии донишмандони тоҷик ба хатти форсӣ дар Афғонистон ва ҳамин тавр осори донишмандони афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба хатти кириллӣ ба нашр бирасанд.

Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллӣ ва вакили парлумони Афғонистон аз аъзои фаъоли раёсати олии Анҷумани "Пайванд" буда ва барои хадамоти шоёнаш дар густариши муносибатҳо ва равобиту ҳамкориҳо миёни Афғонистону Тоҷикистон, дар Наврӯзи соли 2012 "шаҳрванди ифтихорӣ"-ро касб кард.

XS
SM
MD
LG