Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав имзои мувофиқатнома бо Украинаро рад мекунад


Виктор Янукович ва Владимир Путин

Виктор Янукович ва Владимир Путин

Владимир Путин ва Виктор Янукович-руасои ҷамоҳири Русияву Украина дар мулоқоти худ масъалаи пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Гумрукиро баррасӣ накардаанд. Дар ин бора Дмитрий Песков-сухангӯи раиси ҷумҳури Русия хабар дод ва гуфт, дар мулоқоти ҷонибҳо сӯҳбат дар бораи фаъолияти кумиссиюни байнидавлатии ду кишвар дар миён буд ва қарор аст ҷаласаи ин кумиссиюн 17 декабр дар Маскав баргузор шавад.

Рӯзи шанбе Эдвард Лукас-сардабири маҷаллаи “Экономист”-чопи Британия бо такя ба сарчашмаҳои хабарии худ дар Маскав дар блоги худ навишт, ки раиси ҷумҳури Украина бо Русия мувофиқатномаи стротегиеро имзо кардааст ва дар он уҳдадор шудааст, ки то соли 2015, яъне то интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ба узвияти Иттиҳодияи Гумрукӣ медарояд.

Дар ин мувофиқатнома пешбинӣ шудааст, ки Русия ба Украина 5 миллиард доллар нася хоҳад дод ва нархи фурӯши газ ба Украинаро то 200 доллар поин хоҳад овард. Лукас менависад, ки дар маҷмуъ Янукович аз Маскав 15 миллиард доллар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG