Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чак Ҳегел мегӯяд, дипломатия бояд бо ниру ҳимоят шавад


Чак Ҳегел
Чак Ҳегел
Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико изҳор дошт, ки ҳали дипломатии барномаҳои ҳастаии Эрон бояд бо нируи низомӣ ҳимоят шавад. Ҳегел рӯзи шанбе зимни суханони худ дар Манама-пойтахти Баҳрайн гуфт, ки дипломатияи ғарбӣ бо Теҳрон набояд “бетафовут” бошад.

Вай афзуд, Амрико ҳамчунон уҳдадор хоҳад буд, ки 35 ҳазор нафар низомиёни худро дар кишварҳои Халиҷи Форс нигаҳ хоҳад дошт. Аз онҳо 10 ҳазор нафар нируҳои артиш ва гурӯҳи ҷангии ҳавопаймобарҳо хоҳанд буд.

Созиши шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии ин кишвар дар 24 ноябр бисёре аз кишварҳои Халиҷи Форсро, ки аксаран аз мазҳаби суннӣ пайравӣ мекунанд, ба ташвиш овард. Онҳо Эрони шиамазҳабро барои худ хатар медонанд. Ин созиши давраи гузор аз Эрон тақозо мекунад, ки бахше аз барномаҳои ҳастии худро муттаваққиф созад ва дар иваз кишварҳои ғарбӣ бахше аз таҳримҳоро аз миён мебардоранд.
XS
SM
MD
LG