Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷозоти волидон барои нақзи ҳуқуқи фарзандон


Шаҳри Қӯрғонтеппа.

Шаҳри Қӯрғонтеппа.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа имсол «барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон», 152 сокини маҳаллиро ба муҷозот кашидааст.

Ба иттилои мақомоти додгоҳии ин шаҳр, бештар аз ҳама модарон (90 нафар) ва дар 56 маврид падарон барои бемасъулиятиашон дар таълиму тарбияи фарзанд ҷазои маъмурӣ гирифтаанд. Дар феҳрасти ҷаримашудагон ҳамчунин 3 нафар парастор ва ду омӯзгори таълимгоҳ низ номбар шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, сарфи назар аз ҳушдорҳо ва ифтитоҳи парвандаҳо, ҳамоно мавридҳои фаровони нақзи ҳуқуқи ноболиғон, монеъ шудан ба таҳсили онҳо дар макотиб, ба шавҳар додани духтарони ба синни никоҳ норасида, ба мушоҳида мерасад.

Ба иддаои масъулони додситонӣ, дар бештари маворид волидон ё аъзои дигари хонаводаҳо садди таҳсили духтарон дар макотиб мешудаанд. Танҳо дар чанд моҳи охир алайҳи се зане, ки духтарони худро пас аз синфи 7-уми мактаб иҷозаи ба мактаб рафтан надодаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шуд. Аммо азбаски онҳо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ изҳори пушаймонӣ кардаанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, чунин ба назар мерасад, ки натанҳо волидон, балки бародарон ҳам монеи таҳсили хоҳарони худ дар макотиби ҳамагонӣ мешудаанд. Ин мушкилест, ки ба андешаи коршиносон, бахусус дар музофотҳои Тоҷикистон ба тамоюл мубаддал мегардад. Ахиран додгоҳи Қӯрғонтеппа Ҷ. Абдуллоевро, ки пайваста хоҳари ноболиғашро аз роҳи мактаб бармегардонд ва ба ӯ ҳукм мекард, ки «хонанишин бошад, чун мактаб ҷойи духтарон нест», ба муҷозот кашида, ӯро ба пардохти ҷарима ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (6 ҳазор сомонӣ) маҳкум кард.

Додситонии Қӯрғонтеппаро ҳамчунин ҳолатҳои оворагардии ноболиғон, дар вақти шабона ё дар вақти дарс дар кӯчаҳо, марказҳои компютерӣ ва марказҳои дилхушӣ гаштугузор кардан, ба мактаб бо телефони мобилӣ рафтани онҳо низ ба ташвиш овардааст. Биноан, аз мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ходимони дин даъват шудааст, ки дар амри ислоҳи ин вазъ талоши бештар ба харҷ диҳанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки аз ҷониби милитсияи Қӯрғонтеппа имсол 30 маротиба амалиёти «Наврас», «Талбандагӣ», “Оворагард» ва «Мадраса» гузаронида шуда, дар натиҷаи он 117 нафар ноболиғ муайян ва номнавис гардиданд. Милитсия ба сокинони маҳаллӣ 1600 нусхаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ройгон тақсим кардааст, то бо «вазоиф ва масъулиятҳои қонунӣ»-и худ ошноии бештар пайдо кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG